ТОҶИКИСТОН

ҲАМСАРАШРО БО БАНД БУҒӢ КАРДА КУШТ ВА ҶАСАДАШРО ТАГИ ҚУМ ПИНҲОН КАРД…

Сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли бераҳмонаи ҳамсари ҷавонаш боздошт шудааст. ВКД мегӯяд, ки ин мард рӯзи 4 декабр, тахминан соати 11:00, дар ошёнаи 8-уми бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш, зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расондааст ва сипас ҷасади ҳамсарашро дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба ин мард акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар як моҳи охир ин алакай ҳаштумин мавриди қатли хешовандони наздик дар Тоҷикистон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button