ХабарҳоЧеҳраҳо

ПАРВАНДАИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БА ДОДГОҲ РАФТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 декабр хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун Тоҷиддин Сафарализода ва зердасти ӯ Ҷумахон Сафаровро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт, “Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун фаъолият намуда, ҷинояти қаллобиро бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович бо расонидани зарари моддӣ содир намуд. Чунончӣ, номбурдагон шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Сипас, Сафарализода Т.С. ва Сафаров Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муайянеро иҷро накарданд.”Сафарализода Тоҷиддин ва Сафаров Ҷумахон бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ваё аз то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи судӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button