Дин ва боварҳоХабарҳо

Муҳаммадиқболи авомфиреб

Ӯ кист ва чӣ мехоҳад? Ин суол имрӯз байни мардум бисёр садо медиҳад. Посухи ҳама як хел аст: Инсонест, ки аз миллату давлати худ норозист ва кӯшиш дорад, ки бо дурӯғпароканиҳои худ халқи тоҷикро байни мардуми дигар сиёҳ намояду ҳамчун мардуми бефарҳангу дур аз илму дониш вонамуд созад. Вале магар нафаре, ки зидди халқи меҳнаткаш, мардуми бонангу ор мебарояд ба мақсади нопоки худ мерасад? Ҳаргиз не! Сафсатаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин симои ӯро бештар манфуру зишт намудор карда истодаанд. Мардуми тоҷик аз чунин каси дурӯя ба танг омадаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороту вокунишҳои мардуми гуногунсиннусолро мебинему ба ҳайрат меоем, ки то чи андоза нисбати ӯ кинаву адоват доранд. Ҳатто наздиктарин ашхос, ӯ аз рафторҳои ношоистааш норози буда ӯро «оқ» кардаанд. Магар шармандагӣ аз ин зиёд мешавад, ки байни наздикон ва аҳли ҷомеа обрӯю нуфузе надорӣ.Нафратзадаи мардум ва хоин бояд бидонад, ки ба сафсатаи ӯ барин нокас ҷавонони бонангу номуси миллат ҳеҷ гоҳ аҳамияте намедиҳанд, баръакс бештар барои ободии Ватани хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Эй Муҳаммадиқболи Садриддин оҳиста, санҷидаву андешида сухан бигӯ, мардумро ба шӯр наандоз. Аз нафрату наълати халқи хеш, миллати хеш бипарҳез!!!».Имрӯз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитангези худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро мехоҳанд заҳролуд созанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тағрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд. Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки имрӯз нигаҳдошти мазҳаб ва ваҳдати динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва амният таҳкурсии муҳим ва зарурии рушд ва шукуфоии Тоҷикистони тозаистиқлоли мо мебошад.Афсӯс, ки имрӯз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандӯстӣ, адолатпарварӣ тавассути сармояи хоҷагон манфиатҳои ваҳдатшиканонаро дар ҳудуди меҳани хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Муҳаммадиқболи Садриддин айнан аз ҳамин тоифаи инсонҳост. Ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, талош мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯриву гумроҳӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа пиёда намоянд.Ромизи Ризо

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button