Хабарҳо

“ГУРГИ ПОМИР” ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО ШОЯД АЗ РУСИЯ ДЕПОРТАТСИЯ КУНАНД (ВИДЕО)

Размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро метавонанд аз Русия ихроҷ (депортатсия) кунанд. Дар ин бора Телеграм-канали 112, як пойгоҳи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар дод. Нисбат ба варзишгари тоҷик, ки ахиран барои бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд рондани мошин дастгир шуд, протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Бино ба иттилои дарёфтии Телеграм-канали 112, рӯзи 6 декабр додгоҳ дар Маскав парвандаи вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия аз ҷониби Чоршанбе Чоршанбиевро баррасӣ мекунад.Бар асоси қонунгузории Русия, шаҳрвандони хориҷиро метавонанд барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button