УмумӣХабарҳо

БЛОГЕР МАНИЖАИ УМЕДУЛЛОҲ: ҲАМ ТАҲҚИРАМ КАРДАНД, ҲАМ ҶАРИМААМ БАСТАНД (Видео)…

Манижаи Умедуллоҳ (Манижа Назарова), блогери тоҷик, ки дар Фейсбуку Инстаграм ва Ютубу ТикТок бештар пиромуни масоили либосу ороиш ва зебоии занону духтарон матлабҳо нашр мекунад, рӯзи 5 декабр дар робита ба як ҳодисаи ҷанҷолӣ дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри акси як ҷавону як духтар хабар дод, ки рӯзи 3 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дағалгуфтории Баҳоваддин Ашурализода, як марди сисолаи зодаи Бохтар ва Манижа Назарова, сокини 25-солаи Душанбе нашр шуд ва дар пайи пурсишу баррасӣ мақомоти милитсия ба зидди ҳарду бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб доданд. Бо қарори додгоҳ, Ашурализодаро ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, духтарро 420 сомонӣ ҷарима бастаанд.Манижаи Умедуллоҳ (Назарова) шоми 5 декабр дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдоди” гуфт, ҳам аз ҷарима шуданаш нороҳат шудааст ва ҳам аз ин ки аксашро бидуни иҷозати ӯ “ба мисли як ҷинояткор” нашр карда, сабаби вайрон шудани нақшаи издивоҷаш шудаанд. Манижаи Умедуллоҳ мегӯяд, ҳоло дар фикри адвокат гирифтан ва ҳимоят аз ҳуқуқи худаш аст, чунки нашри аксаш дар сомонаи РВКД Душанбе зиндагиашро ба ҳам зад: “Як моҳ пас ман тӯй доштам. Ҳоло домод ба ман мегӯяд, ки аҳли хонаводааш ба вай ин аксро фиристода, пурсида истодаанд, ки ту ҳамин духтарро ҳоло ҳам гирифтаниӣ? Охир акси маро мисли ҷинояткорон монданд ва тарафи домод ҳама ҳайрон шуд. Тӯйи ман, ба фикрам, бекор шуд бо ҳамин…”Дар гузашта дар бораи мавридҳои зиёди муҷозоти ҷавонон барои гаппартоӣ ба занону духтарон ва барои таҳқири ҷинси латиф дар Душанбе хабарҳо нашр шудааст, вале муҷозоти як духтар барои дағалгуфторӣ нисбат ба ҷавоне, ки нисбат ба вай бад рафтор кардааст, зоҳиран бори аввал ба назар мерасад. Аммо як манбаъ дар РВКД Душанбе гуфт, дар наворе, ки дар Интернет худи Манижа нашр кардааст, асосан дашномҳои худаш сабт шудаанд. “Вақте он ҷавонро 5 шабонарӯз ҳабс кардем, духтарро ягон ҷазо намедодем, беадолатӣ мешуд”, — гуфт ҳамсуҳбати “Бомдоди”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button