МУҲОҶИРОН

ҲУКМИ ДУ ЗАН ДАР ЁҚУТИСТОН БАРОИ ТАШКИЛИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКӢ БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Додгоҳ Ж. ва З., ду ҷавонзани 27- ва 30-солаи сокини улусҳо, яъне ноҳияҳои Абий ва Кобяй шаҳри Якутск, пойтахти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) –и Русияро дар ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия гунаҳкор шинохта, ҳардуро шартан ба се соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Ж. ва З.-ро ҳамчунин ба маблағи 180 ҳазор ва 200 ҳазор рубл ҷарима баст. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Ёқутистон гуфт, “тафтишот ва додгоҳ муайян кард, ки ин ду зан дар ҳайхати гуруҳ бар асоси маслиҳати пешакӣ дар ивази пул никоҳҳои қалбакӣ бо шаҳрвандони хориҷиро ташкил мекарданд”.Бино ба фарзияи тафтишот, аз хидмати ин ду ҷавонзани сокини Якутск асосан шаҳрвандони тоҷике, ки дар Якутск ва Нижний Бестях зиндагӣ мекарданд, истифода бурда, бар асоси никоҳҳои қалбакии ташкилкардаи онҳо бидуни квота иҷозати иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание) ба даст меоварданд ва ба ин тартиб, аз масъулияти пардохти пули патент озод мешуданд.Бар асоси фарзияи тафтишот, ин ду ҷавонзан “ аз байни занону духтарони маҳаллӣ “арӯс” пайдо карда, онҳоро моил мекарданд, ки дар ивази пул бо муҳоҷирони тоҷик никоҳ кунанд. Онҳо ба домоду арӯсҳои қалбакӣ тарзи рафтор дар идораи ЗАГСро мефаҳмондаанд, то ки қалбакӣ будани издивоҷи онҳо ошкор нашавад. Баъди буд шудани кори “домод” ин никоҳҳои қалбакӣ бекор карда мешуд ва дар пайи гирифтани “талоқ” ин ду ҷавонзан дар ҷустуҷӯи “шавҳар”-и нав барои “арӯс” –ҳои пайдокардаашон мешуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button