Хабарҳои кӯтоҳ

РАФОАТИ ЧАМШЕД ДАР ХОДИСА ТВ БИСЁРТАР БАРОМАД МЕКУНАМ (Видео)

Рафоати Ҷамшед-сароянда, раққоса ва актриссаи ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо Ютуб канали Naimjoni Saydali Life дар посух ба саволи “Агар фаҳмед, ки мемиред, аз чӣ пушаймон мешавед?” чунин посух додааст: -Сар то пои ман гуноҳ аст. Инро ҳама медонанд, (механдад) фақат аз Худо як хоҳиш дорам, ки бообрӯ аз дунё равам. Ин гуфтаҳои Рафоати Ҷамшед дар шарҳи видео сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст, ки сароянда бо ин ҳарфҳояш ба чӣ ишорат менамуд. Бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ Рафоатро ба сидқан тавба кардан талқин намудаанд. Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ин бонуи ҳунар оиладор шуд. Шавҳари Рафоати Ҷамшед дар синну сол аз худаш хеле бузург аст ва суханони зебосанам дар боби он ки мардҳои калонсол дар ишқу муҳаббат ва оиладорӣ аз ҷавонон беҳтаранд, дар байни ҷавонон норозигиро ба вуҷуд овардааст. Ногуфта намонад, ки зиндагии Рафоати Ҷамшед чанд ҳафтаи охир ба мавзӯи баҳсу талош дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаддал гаштааст ва интиқодҳо нисбати ин хонуми ҳунарманд хеле зиёданд, аммо дар навори видеоӣ худи сароянда дар ҷавоб ба саволи блогери канали

Naimjoni Saydali Life дар боби таваҷҷӯҳи мардум ба ӯ чунин посух додааст:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button