ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Роҳбари идораи Тоҷикстандарт нав шуд, ӯ кист?

Раиси Идораи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд нав карда шуд. Ин таъйиноти кадрӣ дирӯз сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо қабули қарор Ғайбулло Муҳиддиновро роҳбари Идораи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Суғд таъйин намудааст.Махкамбой Каримов, масъули матбуотии Маркази Тоҷикстандарти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки роҳбари нав рӯзи якуми декабр ба ҳайати ҳамкорон муаррифӣ карда шуд.

“Рӯзи гузашта бо иштироки масъулони ҳукуматӣ, ки дар он аз идораи марказӣ низ намоянда низ иштирок доштанд ҷаласа баргузор шуд ва дар кори он Ғайбулло Муҳиддинов, роҳбари нави Идораи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд расман муаррифӣ гардид”, — гуфт Каримов.Дар ин мақоми Муҳиддинов ҷойи Муҳаммадӣ Давлатовро иваз намуд. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Давлатов муовини сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд таъйин шудааст.Муҳиддинов Ғайбулло Хайруллоевич 11 феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои Информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологи маҳсулоти хуроки умум хатм намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button