ТОҶИКИСТОН

КӮДАКИ ДУЗДИДАШУДАРО ЁФТАНД ВА ЯК ЗАНРО БАРОИ ОДАМРАБОӢ ДАСТГИР КАРДАНД

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки ба кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муяссар шудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ кӯдаки думоҳаеро, ки рӯзи 30 ноябр, тахминан соати 15 Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) дуздида буданд, пайдо ва нафари гумонбар дар ин қазияи гӯшношуниди кӯдакрабоиро дастгир кунанд. Бино ба иттилои расмӣ, барои пайдо кардани кӯдак гумонбаршаванда соати 4.20 субҳи 1 декабр вақте дастгир шуд, ки алакай берун аз ҳудуди пойтахт қарор дошт. Бино ба иттилои мақомот, дар рафти тафтишот муайян гардид, ки гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, ҳангоми ар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш кӯдаки навзоди думоҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул кардааст, вале сипас аз набудани модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ғайб задааст. РВКД Душанбе гуфт, айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора бар асоси моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд. Ба ин зан барои рабудани кӯдаки баръало ноболиғ бар асоси моддаи 130 аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button