БАХШҲО

Қадршиносии ҷавоне, ки ҷавондухтари 17 соларо аз ғарқшавӣ наҷот дод

Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Ғоибов Сафаралӣ Гулмаҳмадович санаи таваллудаш 20.08.1990 истиқоматкунандаи кӯчаи Қаҳҳоров, барои далериву ҷасурӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ бо Сипоснома ва як қатор тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.
  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем санаи 23 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 10:15 як нафар ҷавондухтари 17 сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дорои бемории руҳӣ мебошад, бо сабаби хуруҷи бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст.


  Дар ҳамин ҳол шаҳрванд Ғоибов Сафаралӣ, ки манзили истиқоматиаш дар рӯ ба рӯи макони содиршавии ҳодиса воқеъ аст, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир ва ба дохили дарё даромада, ҷавондухтари ғарқи обро ба берун баровардааст.
  Воқеан номбурда аз худ матонату ҷасурӣ нишон дода, барои наҷоти ҷавондухтар ҷони худро дар хатар гузоштааст, ки ин амали ҷавонмардонаи Сафаралӣ боиси ифтихор ва намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ҳамзамон миннатдории самими худро ба волидайни ин ҷавон расониданд, ки эшон дар ҳақиқат ҷиҳати тарбияи ватандӯстии фарзанди хеш заҳматҳои беандаза кашидаанд.

Маркази матбуоти Раёсат ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button