ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН ДАР НОҲИЯИ Ҷ.БАЛХӢ ШАВҲАРАШРО БО 4 ЗАРБАИ ТАБАР КУШТААСТ (Видео)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ҳамлаҳои хунини занон хабар дод. Дар як ҳолат зани 36-солаи сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Балхӣ шавҳари худро бо 4 зарбаи табар куштааст ва дар ҳолати дуюм як зани 26-солаи сокини пойтахт дар дохили як бинои навсохт дар кӯчаи Нусратулло Махсум як ҷавонзани 21-соларо 4 зарбаи корд задааст. Ҷавонзанро дар бемористон бистарӣ кардаанд. Вале қатли шавҳар дар Гулистон инак панҷумин ҳодисаи қатли хешовандони наздик дар як моҳи охир аст. Дар се маврид шавҳарон завҷаҳои худро ба ҳалокат расонда, дар як мавриди дигар як келин дар ноҳияи Ҳамадонӣ хушдомани худро бо ду зарбаи корд кушт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button