МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт

Муноқишае дар Маскав бо кордзанӣ ва марги як зодаи Тоҷикистон анҷом ёфтДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. 

Задухӯрди навбатӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ба вуқуъ пайваст, хабар медиҳад «Telegram-канал»-и «МК: срочные новости»Шаби сешанбе дар ҷанубу шарқи Маскав задухӯрди маргборе рух дод. Дар зимни он дар назди як тарабхонаи тезтайёр дар кӯчаи Люблинская чанд шаҳрванди хориҷӣ аз силоҳи сард истифода карданд, ки як нафар куштаву як тани дигар захмӣ шуд.Ба иттилои манбаъ, бар асари ин муноқиша шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов бо захмҳои корд аз китфу пушт ба бемористон интиқол ёфт. Маълум шуд, ки ӯ дар ин бархӯрд сархуш будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button