Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

“Гуҷурҳо”: Кушта шудани ду фармондеҳи толиб дар зодгоҳи Аҳмади Масъуд

Ду фармондеҳи толиб дар пайи як инфиҷори минаи канориҷодаӣ дар вулусволии Варсаҷи вилояти Тахор ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ин кори размандагонаш нест. Толибон то ба ҳол чизе нагуфтаанд.Тамими Варсаҷӣ, як тан аз фаъолони мадании вилояти Тахор, зимни як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии чошти имрӯз, 23 ноябр, мошини ду фармондеҳи толибон ба номҳои Ҳамза ва Зариф, ки пас аз боздошти Мулло Сангин, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз рустои Эминди Варсаҷ бармегаштанд, ба як минаи канориҷодаӣ бархӯрдааст.“Ҳодиса дар минтақаи наздик ба ҷангали Миздашти вулусволии Варсаҷ, ки миёни рустои Таришта ва вулусволии Фархори вилояти Тахор доман густурдааст, иттифоқ афтодааст. Дар натиҷа Ҳамзаву Зариф, фармондеҳони толибон бо ду муҳофизашон ба ҳалокат расида, Мулло Сангини асир ва бақия се толиби сарнишини мошин захмӣ шудаанд”, — гуфт ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button