МУҲОҶИРОН

МУҲОҶИРБАЧА БА ДИДОРИ “НАТАША” МЕРАФТ, ВАЛЕ ЗЕРИ МУШТУ ЛАГАТ АФТОД…

Пулиси ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ғоратгаронеро меҷӯяд, ки бегоҳи 21 ноябр як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро аз номи “Наташа” ном духтар ба дом афтонда, ба мулоқоти ошиқона даъват кардаанд ва ӯро шадидан латтукӯб ва бо корд захмиӣ карда, ду дандонашро зада шикастаанд ва сумкаашро бо 8 ҳазор рубл бо зӯрӣ аз дасташ кашида гирифта, фирор кардаанд. Бино ба иттилои манобеи хабаргузории маҳаллии «Оперативное прикрытие» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Петербург, марди тоҷик дар шаҳраки Металлострой зиндагӣ мекард ва тавассути мессенҷери Телеграм бо нафаре, ки худро духтар ва номашро “Наташа” муаррифӣ кардааст, шинос шудааст. Баъди шиносоӣ ӯ ба “Наташа” пешниҳоди мулоқот додааст ва “Наташа” ин пешниҳодро пазируфта, суроғаашро ба ин марди тоҷик фиристода, гуфтааст, ки ба хонаи ӯ биояд. Бегоҳи 21 ноябр, тахминан соати 17, ин марди тоҷик ба мулоқоти ошиқона ба “Наташа” ба бинои №47 дар хиёбони Шлисселбург, воқеъ дар шаҳраки Рибатское омадааст. Вақте ки ӯ аз лифт дар қабати дуюми бино берун мешуд, ба ҷои “Наташа” ӯро як марди ҳузарби курткаи сиёҳ дар тан бо як зарбаи мушт ба ноҳияи биниаш “пешвоз” гирифтааст. Ҷабрдида ба пулис нақл кардааст, ки он мард ӯро то кӯча зада-зада бурд ва сипас аз ҷайбаш корд бароварда, чанд зарба ба тарафаш бо корд андохт ва сумкаи дасташро бо зӯрӣ кашида гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Дар даруни сумка ҳуҷҷатҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон ва 8 ҳазор рубл (муодили каме бештар аз 100 доллар) будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button