Минтақа ва Ҷаҳон

ДАР АЛМА-АТО ЯК ЗАН ХУДАШРО БО СЕ КӮДАКАШ АЗ ҚАБАТИ НӮҲУМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон як ҷавонзани 28-соларо худро аз қабати нӯҳуми бинои истиқоматӣ ҳамроҳи 3 кӯдакаш ба замин партофта, худкушӣ кардааст. Модар ва ҳар се кӯдакаш ҷон бохтаанд. Департаменти пулиси Алма-Ато хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон (худкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Пулис бояд аз ҷумла муайян кунад, ки кӣ ин занро ба ҳолате овард, ки даст ба чунин як амали фоҷиабор зад? Ҳодиса рӯзи 22 22 ноябр дар касаба, ё микрорайони «Жетису» рӯй дода, як ҷавонзани соли таваллудаш 1993 ҳамроҳи се кӯдаки хурдсолаш, солҳои таваллудашон 2015, 2016 ва 2019 худро аз тирезаи қабати нӯҳуми бино ба замин партофтааст. Дар иттилоияи расмии пулис гуфта мешавад, ки модар ва ду кӯдакаш билофосила баробари ба замин афтодан ҷон бохтаанд ва кӯдаки сеюм дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз дунё гузаштааст. Пулиси Алма-Ато гуфт, тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, ин зан бо сабаби маишии оилавӣ даст ба чунин амал зада, як номаи пеш аз марг низ боқӣ гузоштааст. Яке аз ҳамсояҳои зане, ки худхушӣ кард, ба хабаргузории Тенгринюс гуфт, ки зан аввал ҳарсе кӯдакашро аз тиреза ба берун ҳаво дода, сипас худашро партофтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button