Коррупсия

МУҶОЗОТИ 6 СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДУЗДИИ БАРҚ

Милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки аз аввали моҳи ноябр танҳо гуруҳи кории ШВКД-2 ноҳияи Шоҳмансур 6 ҳолати берун аз ҳисобкунаки барқӣ истифода бурдани нерӯи барқ дар манзилҳои истиқоматиро ошкор карда, нисбат ба гунаҳкорон “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешидаанд.“Чунончӣ, шаҳрванд Парвизи Холмурод санаи таваллудаш 15.08.1990, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, Теппаҳои Шарқӣ шаҳраки 192, дар манзили сохтмонаш нотамоми худ давоми 4-моҳ бе ҳисобкунак нерӯи барқро ба манфиати худ истифода намуда, зиёда аз 3-ҳазор киловатт зарар расонидааст”, — гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе. Бино ба ин манбаъ, “инчунин шаҳрванд Исмоилова Фотима Каримовна санаи таваллудаш 05.12.1962, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарон, минтақаи 14, муддати 3-моҳ ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак насб намуда, қувваи барқро ба манфиати худ истифода кардааст.”Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба ҳамаи барқдуздон тибқи моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ҷарима бастаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button