ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Охирин шонси ҷудокорон дар соли 2021: даҳ варзишкори тоҷик ба Абу-Дабӣ меравад

Дар мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо — “Abu Dhabi Grand Slam” Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Охирин мусобиқаи ҷудо миёни калонсолон дар соли 2021 дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир мешавад.Мусобиқа аз 26-28 ноябр баргузор шуда, дар он 10 варзишгари кишвар ширкат хоҳанд кард.Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишкорони шинохтаи кишвар — Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков, Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 232 варзишгар (144 мард, 88 зан) аз 42 давлат иштирок мекунанд.

Мусобиқа 26 ноябр чун анъана бо рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон шуруъ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button