МУҲОҶИРОН

КӮДАКИ ЧОРСОЛАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ ҚАБАТИ СЕЮМИ БИНО АФТИД ВА ЗИНДА МОНД

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Приозёрски вилояти Ленингради Русия ба санҷиши ҳодисаи аз тирезаи қабати сеюми бинои истиқоматӣ афтодану ҷароҳат бардоштани як кӯдак аз оилаи муҳоҷирони тоҷик шурӯъ кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 19 ноябр, соати тақрибан 14:30, дар як бино дар кӯчаи Тсентралнаяи шаҳраки Громово рӯй додааст. Гуфта мешавад, падари ин кӯдак 29 сол дошта, моҳи март аз Тоҷикистон ба Русия ба ҷустуҷӯи кор омадааст. Рӯзи 18 ноябр ҳамсари 25-солаи ӯ ҳамроҳи писарашон, соли таваллудаш 2017, низ аз Тоҷикистон ба инҷо меоянд ва манзилеро дар шаҳраки Громово ба иҷора мегиранд.Рӯзи 19 ноябр, ҳамагӣ як рӯз баъди аз Тоҷикистон омаданаш, кӯдак ба рӯи тирезаи хона баромада, тӯреро, ки ба зидди хомӯшакҳо гузошта буданд, зер мекунад. Вале тӯр ба вазни кӯдак тоб наоварда, канда мешавад ва кӯдак ҳамроҳи тӯр ба замин меафтад. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки тифли муҳоҷирони тоҷикро дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Петербург бистарӣ кардаанд ва тибқи ташхиси табибон, ин кӯдак аз қисмати сар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, шушаш ҳам осеб дидааст ва сутунмӯҳрааш шикастааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button