Сиёсат

ДУ МАНСАБДОРРО ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРОИ МАСТӢ 36 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзи 18 ноябр роҳбари Идораи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ин минтақа (собиқ МБТИ) Додоҷони Абдубасир ва сардори шуъбаи бақайдгирии ин идора Фаррух Комиловро барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин 18-ҳазорӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, барои 5 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.Қурбон Раҳимзода, сардори БДА шаҳри Панҷакент ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод, ки “шаби 16 ба 17 ноябр зимни санҷиш кормандони БДА маълум намудаанд, ки Додоҷони Абдубасир дар ҳолати мастӣ мошини Фаррух Комиловро рондааст. Ба ӯ ва соҳиби мошин протокол тартиб дода шуда, бар асоси он суд ҷарима таъйин кард”.Мурофиа рӯзи 18 уми ноябр доир шуда, додрас Додоҷони Абдубасир, роҳбари Идораи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайри манқулро барои дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт ва Фаррух Комилов, сардори шуъбаи ин идораро барои ба каси дигар ва он ҳам дар ҳолати мастӣ вогузор кардани воситаи нақлиёт гунаҳкор дониста, ҳардуро ҷарима бастааст.Додоҷони Абдубасир аз шарҳи ин масъала дар суҳбат бо “Спутник” худдорӣ кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button