Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ
Узбекистон мехоҳад аз истеҳсоли бензини навъи АИ-80 даст кашад

Ширкати «Узбекнафтгаз»-и Узбекистон тасмим дорад, ки соли 2022 тадриҷан истеҳсоли бензини навъи «АИ-80»-ро қатъ кунад.
Дар ин бора мудири Департаменти коркарди нафт, нафткимиё, нигаҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ дар Узбекистон Хушнудҷон Маҳмудҷонов 16-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд хабар дод.
Ба гуфтаи вай, «Узбекнафтгаз» дар мавриди истеҳсоли бензини АИ-80 стратегияи худро дорад. «Мо қатъи тадриҷии истеҳсоли бензини АИ-80-ро аз соли 2022 баррасӣ дорем», — изҳор дошт Маҳмудҷонов.
Бензин АИ-80 дар миёни ронандагони Узбекистон ҳамчун дастрастарин сӯзишворӣ маъруф аст. Ба иттилои расмӣ, ин навъи бензин ҳоло дар он кишвар ҳудуди 63 сент фурӯхта мешавад.