ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Як додраси Додгоҳи олӣ бозхонд ва 11 раиси шаҳру ноҳия иваз шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 11 раиси шаҳру навоҳиро иваз кард ва ба бозхонди як додраси додгоҳи олии кишвар фармон дод.

Эмомалӣ Раҳмон фармони тағйиротҳои ахирро рӯзи 17-уми ноябр имзо кардааст.

Раисони пешини ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи ВМКБ, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаҳо барканор ва ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шудаанд.

Аз ин пеш Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Бахтиёр Назарзода, раиси Идораи молияи Хатлон ба ҷойи Қодир Вализода раиси шаҳри Кӯлоб таъин шудааст. Ба ҷойи Тоҳир Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ, ки моҳи сентябр аз бемории КОВИД-19 даргузашта буд, Ализода Аъзам, раиси ин ноҳия таъин шудааст. Ализода Аъзам, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд.

Ҳамчунин президент, Ширинзода Эраҷ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистонро бозхонд кардааст. Далели бозхонди ӯ маълум нест.

Аксари коршиносон тағйири ин ё он мақомдор дар Тоҷикистонро бефоида медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки сохтори давлатдорӣ ба таври дуруст кор намекунад, аз ин рӯ, тағйири мансабдоре дар ин ё он ниҳод чизеро ба шакли кулли дигар намекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button