Хабарҳои кӯтоҳ

ХУДРО АЗ ҚАБАТИ 15-УМПАРТОФТАНӢ БУД: ПЕШГИРӢ АЗ ЯК ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ

ХУДРО АЗ ҚАБАТИ 15-УМПАРТОФТАНӢ БУД: ПЕШГИРӢ АЗ ЯК ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15 ноябр
сокинони кӯчаи Бухоро, 34, шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории ин
кумита занг зада, хабар додаанд, як зани сокини ин бино қасди худкушӣ
дорад ва мехоҳад худро аз қабати 15-ум ба замин партояд.
Гуруҳи навбатдори наҷотбахшон ҳамроҳ бо равоншиноси воҳиди
зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт ба ҷои ҳодиса рафта,
маълум карданд, ки як ҷавонзани соли таваллудаш 1994, худро дар
карнизи бино овезон карда, касеро намегузорад, ки ба вай наздик
шавад ва қасди куштани худашро дорад.

“Равоншинос музокиротро бо ин зан шурӯъ карда, бо ин таваҷҷуҳи
ӯро ба дигар тараф бурд. Дар ин лаҳза, наҷотбахшони дигар ба
воситаи тирезаи дигар гузашта, тавонистанд, ки ҷавонзанро ба даруни
хона тела диҳанд. Ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд”, – гуфта
мешавад дар иттилоия. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин ҷавон ба
иллати мушкилоти оилавӣ даст ба чунин амал задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотбахшонаш аз аввали соли
ҷорӣ ҳудуди 200 нафарро аз ҳолатҳои гуногуни мушкил наҷот додаанд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ
сабт мешавад. Дар аксари ҳолатҳо занону духтарон қасди ҷони худ
мекунанд. Мушкилоти оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар
Тоҷикистон, бахусус худкушии занон шумурда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button