Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

«Барқи Тоҷик»: Таъмир дар Нораку Сарбанд идома дорад

Дар ҳоле ки мардум дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят доранд, ширкати «Барқи Тоҷик» иддао дорад, чунин ҳолат бинобар гузарондани «таъмир ва назорат» дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва зеристгоҳҳо пеш омадааст.

Аз ду моҳ ба ин тараф сокинони Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва ин ҳолат зиндагии онҳоро дар ин рӯзҳои сард душвортар кардааст.

Ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 15-уми ноябр дар посух ба як номаи Радиои Озодӣ сабаби маҳдудияти барқарасониро шарҳ дод. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ҳар сол дар оғози зимистон таъмир гузаронида мешавад ва бинобар ҳамин, дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян интиқоли барқ қатъ мешавад.

«Барқи Тоҷик» аз ҷумла мегӯяд, дар нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд, Қайроқум, зеристгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ таъмир идома дорад.

Ин посухи «Барқи Тоҷик» дар ҳоле аст, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, анҷоми таъмирро дар маҳалли зисташон намебинанд. Коршиносон ҳам маҳдудияти барқро на ба корҳои таъмиру барқарорӣ, балки бештар ба «мудирияти нодуруст, талафот ва дуздии зиёди нерӯи барқ» пайванд медиҳанд. Чизе, ки мақомот солҳо боз рад мекунанд.

Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилиҳои асосӣ барои ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button