Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Шавкат Мирзиёев ба назди Путин меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи равон ба шаҳри Маскав рафта, бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

«Метавон инро руйдоди муҳим номид. Зеро ин сафари нахустини хориҷии Мирзиёев баъди пирӯзияш дар интихоботи президентии Узбекистон аст», — гуфта шуд дар барномаи «Москва. Кремл. Путин»-и телевизиони «Россия 1».

Интизор меравад, раҳбарони Узбекистон ва Русия дар ҷараёни ин сафар зери тақрибан 30 санад имзо гузоранд.

Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 11-12-уми ноябри имсол барои иштирок дар нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ба шаҳри Истанбули Туркия рафта буд. Ин сафари аввалини хориҷии Мирзиёев баъди интихоби дигарборааш дар мансаби президенти Узбекистон буд.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ӯ дар интихоботи моҳи гузашта беш 80 дарсади овозҳоро соҳиб шудаст. Ин дар ҳолест, ки нозирони ғарбӣ интихоботи президентии Узбекистонро «орӣ аз рақобати воқеӣ» донистанд. Ба намояндагони се ҳизби мухолиф иҷоза дода нашуд, ки номзадҳои худро сабтином кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button