Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Барканории Рустам Иноятов аз мансаби мушовири президент

Рустам Иноятов аз мансаби мушовири давлатии президенти Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ барканор шудааст.

Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 15-уми ноябр хабар дод, ки Бахтиёр Исломов ба ҷойи Иноятов мушовири раисҷумҳури он кишвар оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ таъйин шуд.

Иноятови 76-сола тақрибан 27 сол, аз 27-уми июни соли 1995 то 31-уми январи 2018 Хадамоти амнияти миллии Узбекистонро раҳбарӣ мекард.​

Иноятов моҳи августи соли 2018 баъди барканорияш аз мақоми раиси Хадамоти амнияти Узбекистон билофосила мушовири давлатии президенти он кишвар таъйин шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button