АфғонистонМинтақа ва Ҷаҳон

20 КУШТАЮ ЗАХМӢ: БУЗУРГТАРИН ТАЛАФОТИ ТОЛИБОН ДАР ПАНҶШЕР

Дар пайи як даргирӣ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар дараи Панҷшер ҳудуди 20 толиб куштаву захмӣ шудаанд Манбаъи хабаргузории русии Sputnik Тоҷикистон аз қавли як толибе, ки аз ин даргирӣ ҷон ба саломат бурдааст, мегӯяд, даргирӣ дар канори деҳаи Оноваи вулусволии ҳамном ба вуқуъ пайваста, нерӯҳои муқовимат дар як ҳамлаи ғофилгирона корвони мошинҳои ҷангиёни Толибонро ба муҳосира гирифтаанд.»Ҳамаи кушташудаҳо вз вилояти Кундуз буданд. Иддае, туркман ва иддае паштун. Туркманҳо умдатан аз вулусволии Чаҳордараву Қалъаи Зол ва паштунҳо аз рустоҳои Софикуту Асқалони вулусволии Гӯртеппа ва аз маркази Кундуз буданд», — гуфтааст манбаи “Спутник.Бино ба иттилои ӯ, дар ин даргирӣ 8 туркман ва 10 паштун кушта шуда, 2 туркмани дигар ҳам ба асорат афтодаанд. Ин бузургтарин талафоти Толибон дар дараи Панҷшер аз замони вурудашон ба ин минтақа дар аввали моҳи сентбяр гуфта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button