Хабарҳо

ТАҚОЗОИ ДУШАНБЕ АЗ БИШКЕК: ПАРВАНДАСОЗИҲОИ БЕАСОС БОЯД БАС ШАВАД!

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр бо нашри як изҳороти расмӣ дар сомонааш аз додситонии кулли Қирғизистон хост, ки “ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣдар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.”Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷумла парвандаи шаҳрванди ин кишвар Ҷӯраев Диловар Бобомаҳкамович, санаи таваллудаш 25 майи соли 1969-ро мисол овардааст, ки рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Новосибирски Русия барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир карда шуд.Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, “бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванд Ҷӯраев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button