Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Посухи тунди Путин бар рақибони Русия

Роҳбари Русия аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки аз масъулияти бӯҳрони муҳоҷират саркашӣ накунандДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Кишварҳое, ки Русияро дар бӯҳрони муҳоҷиратӣ дар марзи Беларус ва Лаҳистон айбдор мекунанд, бояд мушкилоти худро ҳал кунанд ва масъулияти худро ба дӯши кишварҳои дигар нагузоранд.Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як барномаи шабакаи телевизионии “Россия-1” гуфт.

«Вақте ки мо изҳорот ё иттиҳом алайҳи Русияро мешунавем, мехоҳам ба ҳама бигӯям: мушкилоти дохилии худатонро ҳал кунед, мушкилоти худро бар дӯши касе дигаре нагузоред. Ин масоилест, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ин кишварҳо ҳал карда шавад», — гуфт роҳбари Русия.Путин гуфт, ки дар бораи вазъ дар марзи Беларусу Лаҳистон аз расонаҳо огоҳ шудаст.Ба гуфтаи вай, дар музокирот бо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҳеҷ гоҳ ба ин мавзӯъ гуфтугӯ накардаанд. Дар давраи шиддат гирифтани буҳрон роҳбарони кишварҳо ду маротиба гуфтугӯи телефонӣ доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button