Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Толибон ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд

ДУШАНБЕ, ноя — Sputnik. Толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаандҲодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст, хабар медиҳад рӯзномаи «Ҳашти субҳ»-и Афғонистон.Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.Воҳидуллоҳ ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯйи толибон кушта шуд.Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button