Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Кӯшиши ворид кардани 150 кило маводи мухаддир ба Ӯзбекистон аз Тоҷикистон

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мошини боркаше, ки як ҷойи пиҳонӣ барои интиқоли бастаҳои маводи мухаддир доштааст, мухаддароти зиёде кашфу мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, ноя — Sputnik. Дар вилояти Тошканд кормандони гумрук аз як мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон меомада ва пур аз ангур будааст, 156 кило маводи мухаддир кашф кардаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон.»Дар посгоҳи гумрукии «Ойбек», воқеъ дар марзи Тоҷикистон миқдори бузурги ҳашиш, афюн ва ҳероин ошкору мусодира шуд», — иттилоъ додааст манбаъ.Ҳамин тариқ ҳангоми бозрасии ҳамаҷониба аз зарфҳо 149 кило ҳашиш, 4,4 кило афюн ва 1,5 кило ҳероин дарёфт шудааст.Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми кофтуков борҳои мошинро холӣ ва фарши онро боз карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button