Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Ҷанги Хусту Фиринг: кушта шудани боз як писари Ҳоҷӣ Сангӣ

Ҷангҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон”* дар вулусволии Хӯсту Фиринги вилояти Бағлон чандин кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз ҷумлаи онҳое, ки ба шаҳодат расиданд, яке, писар ва дигаре, бародарзодаи фармондеҳи маъруф Ҳоҷӣ Сангӣ Сангинанд. Ҳоло писари ӯ Барёлай Сангин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро дар вулусволии Хӯсту Фиринг раҳбарӣ мекунад.Шарифуллоҳ Сангин, писари Ҳоҷӣ Сангӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии субҳи рӯзи шанбе, 13 ноябр, “Толибон”* болои муқовиматгарон амалиёти таҳоҷумиро дар рустоҳои Хушдра ва Чархи Фалаки вулусволии Хӯсту Фиринг анҷом доданд.

“Дар қарияи Чархи Фалак, ки мудирияти ҷангро фармондеҳ Барёлай Сангин ӯҳдадор аст, ба шикаст мувоҷиҳ шуданд, аммо дар қарияи Хушдара, деҳае, ки мо зиндагӣ мекунем, набард ҳафт соат идома кард”, — гуфт Шарифуллоҳ Сангин.Бино ба иттилои ӯ, дар Хушдара 5 толиб кушта ва захмӣ шуданд, аммо муқовиматгарон низ талафотӣ ҷонӣ доштанд.“Яке, бародарам Азизуллоҳ Сангин, таҳсилёфтаи Донишгоҳи Пунаи Ҳиндустон ва дигарӣ, Амонуллоҳ Ҳакимӣ, писари амакам, таҳсилкардаи Академияи низомии Маршал Фаҳим буданд. Се тани дигар аз ҳамразмонашон маҷрӯҳ гардиданд”, — гуфт Шарифуллоҳ Сангин.Хонаводаи Сангин, яке аз хонаводаҳои муътабари Хусту Фиринг аст, ки чеҳраи маъруфаш генерал Ҳоҷӣ Сангии Сангин, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодӣ ба шумор меравад. Вай дар замони ҷиҳоду муқовимати аввал таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, меҷангид ва дар сангарҳои Хӯсту Фиринг, Наҳрини вилояти Бағлон, вилоятҳои Кундузу Тахор ҷангидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button