ВидеоҲуқуқи инсон

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНРО БО ТАНОБУ ҒАРҒАРА АЗ КАНАЛИ ВАРЗОБ БАРОВАРДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дастаи наҷотдиҳандагонаш рӯзи 11 ноябр аз канали дериватсионии нирӯгоҳи Варзоб як мошини сабукрави тамғаи “Musso”-ро бо истифода кран берун овардаанд.Гуфта мешавад, рӯзи панҷшанбе ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як мошини тамғаи «Musso», ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе равон буд, дар километри 8-уми роҳи Душанбе-Варзоб ба об сарозер шудааст.Наҷотдиҳандагони Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мошинро аввал бо симтаноб бастанд ва сипас бо ёрии ғарғара оҳиста-оҳиста аз об боло кардаанд. “Хушбахтона, дар ин ҳодисаи нохуш касе осеб надид. Ронанда худ мустақилона тавонист аз дохили мошин берун шавад ва худро солим ба соҳил расонад”, — гуфта мешавад дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button