Сиёсат

БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Бино ба иттилои манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдоди”, дар робита ба моҷарои пурсарусадои пӯшондани парвандаи азобу уқубати корманди ширкати “Мегафон” Мадина Мамадҷонова, боз ду афсари баландпояи ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Подполковник Истамзода Машраф, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино яке аз онҳое буд, ки масъулияти назорат бар ҷараёни тафтиши парвандаи Мадинаро бар уҳда дошт, вале бар асоси натиҷаҳои арзёбӣ, “Истамзода дар иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ роҳ додааст.” Подполковники дуюми барканоршуда Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Синост, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст. Гуфта мешавад, аксари санадҳо бо тақозои рад кардани шурӯи парванда ва бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани гумонбари асосӣ Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро подполковник Шукур Раҳимов тартиб дода, масъулони дигари ШВКД, аз ҷумла подполковник Машраф Истамзода имзо кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button