АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Покистон аз абарқудратҳо хост, ба Афғонистон кумак кунанд

Мулоқоти намояндагони Амрико, Русия ва Чин дар бораи Афғонистон бо мизбонии Покистон рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Исломобод оғоз шуд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон хоҳони гуфтугӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо «Толибон» шуд ва ҳушдор дод, то ба ин кишвари ҷангзада ҳарчӣ зудтар кумакҳои башарӣ ироа шавад.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар оғози нишаст гуфт, «ҳеч кас намехоҳад шоҳиди бозгашти дигарбора ба ҷанги дохилӣ бошад, ҳеҷ кас хоҳони фурӯпошии иқтисодӣ нест, ки сабаби ноамнӣ шавад. Ҳама мехоҳанд, ки бо унсурҳои террористии фаъол дар дохили Афғонистон ба таври муассир мубориза бурда шавад ва ҳамаи мо мехоҳем, аз як буҳрони нави муҳоҷират пешгирӣ кунем.»

Дар нишасти «сегона+» ҳамчунин намояндаи нави Амрико дар умури Афғонистон, Томас Вест, иштирок дорад.

Дар қисмати охири рӯзи 11-уми ноябр интизор меравад, дипломатҳои Амрико, Русия ва Чин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати «Толибон» Амирхон Муттақӣ, ки дар раъси як ҳайати 20-нафарӣ дар Исломобод қарор дорад, мулоқот кунанд.

Ниҳодҳои кумакрасон ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки баъди ба қудрат расидани «Толибон» дар миёнаҳои моҳи августи имсол, Афғонистон дар ҳоли рӯбару шудан ба як буҳрони инсонист.

Иқтисоди Афғонистон бинобар қатъи кумакҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда бар низоми бонкӣ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ, ки режими «Толибон»-ро бинобар нодида гирифтани ҳуқуқи занон ва ҳамчунин ҳамашумул набудани ҳукумат ба расмият намешиносад, дучори рукуд шудааст.

Покистон аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, то иҷоза диҳанд, ба ҳадафи пешгирӣ аз суқути иқтисоди Афғонистон, кумакҳо ба ин кишвари ҷангзада сарозер шаванд.

Ин кишвар ҳамчунин хостааст, миллиардҳо доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар дар ихтиёр дорад, озод карда шавад.

Мулоқоти рузи 11 ноябр охирин ҳамоиши ҷиддии дипломатӣ дар минтақа буд. Ҳинд як руз пеш мизбони нишасти амниятӣ дар бораи Афғонистон буд. Ширкатдорон хостори ҳамкорӣ барои табдил нашудани дубораи Афғонистон ба паноҳгоҳи амни терроризми ҷаҳонӣ шуданд.

Ин ҳамоиш ҳамчунин ба ташкили як ҳукумати фарогир, ки ҳама қишрҳои ҷомеа дар он шомил бошанд, даъват кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони Русия, Эрон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button