Сиёсат

Ҷашни милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид

10-уми ноябри соли 2021 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии идонаи бошукӯҳ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, собиқадорон, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони расмӣ баргузор гардид.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идонаро табрику таҳният намуда, зикр кард, ки «Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бо арзи сипос ва самимияти бепоён Иди касбии кормандони милитсияро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон сулҳу осоиш, фатҳу нусрат, иқболи баланд ва барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Дирӯз Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин санаи муҳим тариқи Воситаҳои ахбори омма манзур гардида, кормандони милитсияро ҳомиёни шараф ва обрӯи халқу давлат номиданд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуда, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ орзуҳои неки худро иброз доштанд.
Роҳбари давлат хизматҳои кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хиёнатпешаву ҷинояткор ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва суботи сиёсӣ бисёр арзишманду барҷаста маънидод карданд».
Таъкид гардид, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои дӯстию ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи комил бо дастовардҳои наҷиб, сазовор ва дар сатҳи баланд ботантана ҷашн гирифтанд.
Ҳамаи ин пирӯзию дастовардҳо, фақат бо дастуру супоришҳо, ҳидояту роҳнамоӣ ва таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва халқи гавҳаршиноси тоҷик меҳри ин фарди қаҳрамонро дар дилу дидаи худ ҷой дод ва дар атрофи давлату ҳукумат сарҷамъ шуда, баҳри ободонии диёр камари ҳиммат бастанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа кормандони милитсия аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар роҳи барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ зиёда аз 2000 кормандон ҳалок гардида, зиёда аз 5000 захмӣ гаштаанд.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисории фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва номи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии мамлакат мубаддал гардид.
Дар интиҳои суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ чунин иброз намуд: “Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, аз қаторӣ то генералҳо ба Савганд содиқ монда, масъулияти бар душ доштаашонро баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату миллат ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ бо сарбаландӣ иҷро менамоянд”.
Сипас, бо иштироки ҳунармандони шинохта ва ситораҳои тобноки фарҳангу мусиқии тоҷик, аз ҷумла, Афзалшо Шодиев, Нигина Амонқулова, Абдулхайр Муминов, Муҳаммадрафии Кароматулло, Нозияи Кароматулло, Амрохон Рахимов, Фахриддини Малик, Шаҳло Ҳафизова ва дигарон консерти идонаи хотирмон манзури иштирокчиён гардонида шуда, ҷашни милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button