СиёсатФарҳанг

Боздошт: Гумонбари ҳамла ба журналисти “Оила” дастгир ва далели шайъӣ мусодира шуд

Санаи 2-юми ноябри соли ҷорӣ тахминан соати 13:00 дар кӯчаи С.Шерозӣ саҳни бинои Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” шахси номаълум ба журналисти рӯзномаи “Оила” ҳамла ва мавриди латукӯб қарор дода, телефони мобилиашро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бо расидани хабари мазкур гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқу чораандешӣ қарор доданд.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дуюми содиршавии ҳодиса ҷинояти мазкур бо “изи гарм” ошкор ва нафари гумонбар дастгир карда шуд. Ин нафар шаҳрванд Жигулский Николай Генадевич санаи таваллудаш 08.10.1987, сокини шаҳри Норак муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе н.Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ мебошад, ки қаблан ду маротиба бо моддаҳои 244 (дуздӣ) ва 237 (авбошӣ) ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳбасӣ шудааст.


  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ин маротиба низ ба хотири ба даст овардани маблағу дигар ашёҳои арзишнок бо роҳи муфт ба ҷабрдида ҳамла намуда, телефони мобилиашро, ки тамғаи «Реми А-9» мебошад бо истифодаи зуроварӣ кашида гирифтааст. Баъди дастгир гардидан аз гумонбаршаванда телефони рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Айни замон гумонбаршаванда Жигулский Николай Генадевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248-и (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишод ҷараён дорад. 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button