Хабарҳои кӯтоҳ

Ҷавоби дандоншикан аз Амрико ба Иқбол аз даҳони муҳоҷирзани тоҷик Аҳсан (Видео)

Ҷавоби дандоншикан аз Амрико ба Иқбол аз даҳони муҳоҷирзани тоҷик Аҳсан ба чунин бонувони бо фарҳангу хушбини миллати хеш..

М.Садриддин аз девонагӣ, шоҳасари нави тахайюлӣ эҷод кардааст!М.Садриддин ба ҷои дилбардории ҳамватанонаш ва дасти ёрӣ дароз намудан дар ин рӯзҳои барои миллат сахту вазнин, баръакс мардуми тоҷикро ба таҳлука андохта, дасисабозиҳои қаблии наҳзатиёнро дар ниқоби нав пиёда сохта истодааст. Ӯ дар ин асари нави бофтааш менависад, ки гӯё «хешовандони завҷаи Президенти мо помошҳоро гирифта бошанд», аммо ӯ бехабар аст, ки дар карантинҳо ба ғайр аз беморон, чӣ қадар мардум ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ, ҳамроҳи хонаводаҳояшон хобанд. Зеро «изолятсия» накардани хонаводаи сироятёфтагон эҳтимоли паҳншавии вирусро ба маротиб меафзояд.Магар ин хоин, саги дари Кабирӣ намедонад, ки барои ин қадар одамонро дар карантинҳо фаро гирифтан, ҳамарӯза чӣ миқдор ғизо ва маводи дорувориву маводҳои муҳофизатӣ лозим мешавад?Дар тамоми ин беморхонаҳо ва карантинҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятӣ, садҳо тонна маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ сарф шуда истодааст.Дар як қисмати дигари ин шоҳасари эҷодкардаву ба ҳақиқат умуман рабт надоштаи худ, М.Садриддин «ҷамъоварии ихтиёрии маводҳои зиддивирусӣ ва дорувориву муҳофизатӣ»-ро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ихтиёрӣ ва меҳндӯстони воқеӣ амалӣ гашта истодааст, ҳукумати ҷумҳуриро таъна кардааст.Аммо дидаву дониста таҷрибаи дигар давлатҳоро, аз ҷумла кишварҳои муттараққиро надидан, ё дида натавонистан, пур аз ғараз будани навиштаҳои ӯро бараъло ошкор сохтааст. Имрӯз чунин ихтиёриён дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар мамолики мутараққӣ низ, ба ҷамъоварии маблағ барои дастгирии сокинони кишвари худ машғуланд. Онҳо маблағ, либос, маводи хӯроквориву дорувориро ҷамъоварӣ намуда, ба беморхонаҳои сироятӣ супорида истодаанд.Аҳсан ба ихтиёриён ва ватандӯстони ҳақиқӣ, онҳо мисли ту Муҳаммадиқболи Садрииддини хоин, ба дасисабозиву таҳлукаандозӣ машғул нашуда, ба мардуми кишвар кӯмаки воқеӣ расонида истодаанд. Ин амали ихтиёриён дар ин моҳи мубораки Рамазон ҳам савоб асту ҳам амалест дар доираи инсону инсонгарӣ!Беҳтараш ин ҳама дасисабозиву таҳлука-андозиҳоятро канор бигзору барои манфиати миллату давлате, ки туро бизоду парвариш кард, кори манфиатбахшеро анҷом бидеҳ, пас воқеан ту миллатдӯсту меҳанпараст хоҳӣ шуд.Аммо боварам намеояд, ки Худованд дили сангини ту хоинтабиатро нарм созаду ту ба нафъи ҳаммеҳанонат як кораки манфиатбахше бикунӣ.Тоҷикистон алорағми ин ҳама дасисабозиву иғвоангезиҳои Шумо хоинони миллат, ҳамаи мушкилиҳояшро дар ояндаи наздик паси сар хоҳад кард. Миллат имрӯз бештар аз гузашта дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гаштааст ва ин муттаҳидии миллат шикастнопазир аст.Инро бидонед хоинон!Зафарҷон Ахмедовтабиби бемориҳои сироятиибеморхонаи «Истиқлол»-и ш.Душанбе

https://www.facebook.com/102766254924602/videos/286801459606598

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button