ИқтисодНуқтаи назар

АЗ АШКИ ЗОР-ЗОРИ ТИФЛОНИ МАЪСУМ ТО ТАРКИ ОНҲО КАРДАНИ ПАДАРИ БЕРАҲМ (Видео)

Фарзона бо панҷ фарзанд овораву дарбадар буд, ӯро шавҳараш панҷ сол пеш партофта, тарки Тоҷикистон карда буд. Зиндагии душвор ва рӯзҳои сангин ӯро бо 5-фарзанд мӯҳтоҷи кӯмаки мардум гардонда буд, аммо Худоназаркарда буданашро дида, мӯъҷизаи аҷибе рух дод, ки ӯ ҳеҷгоҳ инро интизор набуд. Биёед рӯзҳои талх ва сангини Фарзонаро аз забони худаш бишнавем.

Чу бини ятими сарафканда пеш. Маде бусса ба руй фарзанди хеш. Ало то нагиряд арши азим. Биларзад хаме чун бигиряд ятим Фарзона Носирова зодаи н. Восеъ аст. 6 сол мешавад, ки дар Душанбе ичоранишин, дарбадар, овора ва бекасу ку мебошад… Аз рӯзгори сахту сангини ин муштипар ҳамсояи наздикаш моро огоҳ кард. Инак, мо ба хонае омадем, ки Фарзона бо 5 фарзанди гуруснаву бараҳнааш иҷоранишин аст. Мо чанд лаҳзаи зиндагии талхи Фарзонаро тарики фейсбук ва инстаграма нашр кардем. Хушбахтона, 24 соат нагузашта, нафари хайрхохе пайдо шуд, ки рӯзгори душвори ин зани танҳо ва 5 тифлашро куллан дигаргун намуд. Ин нафари хайрхох ва саховатманд, соҳибкори шинохта Махмудчон Муродов аст. Аҳволи кӯдакони азияткашида ин соҳибкори ҷавонмард ва бо нангу номусро бетараф нагузошт. Ӯ зуд даст ба кор шуда, кӯдаконро ба маогоза бурд, либосҳои нав харидаву онҳоро бо махсулотхои хурока таъмин кард. Бозичаҳову, шириниҳо ва туҳфаҳои дигар беҳисоб. Умуман чизе, ки дар зиндагияшон ба Фарзона ва фарзандонаш зарур буд, харидори намуда, бахрашон такдим кард. Баъди чунин меҳрубониҳо Маҳмудҷон Муродов орзуи бисёрсолаи ин хонаводаи дарбадарро ҷомаи амал пӯшонид. Ӯ ба ин оила хонаи зебову бархавои сехуҷрагӣ тақдим кард, ки бо тамоми шароит, аз чумла, яхдон, чевон барои ошхона, тафдон, мошинаи чомашуи, рахти хоб, телевизор, чевони либосмони, лавозимоти дарси, велсипед ва дигар тачхизоти зарурӣ таъмин аст. Дар ватани ободу зебоямон чун Махмудчон Муродов инсонхои хайрхох кам нестанд ва мо боварии комил дорем, ки дигар сохибкорони хайрхох низ дасти оилахои ниёзманд ва дар кучамондаро мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button