Номаҳо ба президент

АҲАМИЯТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Давлатҳои дар аксар маврид рӯзҳои муҷаддас ва таърихиро тавассути қонун ҳамчун рӯзи Ид эълон мекунанд. Масалан, дар Амрико, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ҳамасола рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Амрикоиҳо, ки дар ҷаҳон яке аз ташаккулдиҳандагони ҷомеаи озод ва демократӣ муаррифӣ гардидаанд, ҳанӯз аз оғози соли 1970 ҳамасола Рӯзи Президентро таҷлил менамоянд. Конгреси Амрико соли 1970 ба Қонун “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуда, “душанбеи сеюми моҳи феврал”-ро ҳамчун Рӯзи Президенти Амрико пазируфт. Бояд гуфт, ки Конгреси Амрико сабаби эълон намудани ин санаро чунин баён доштааст: “Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои Президент дар роҳи рушди озодӣ, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим аст, ки ҳамасола душанбе сеюми моҳи февралро ҳамчун рӯзи Президенти Амрико ҷашн гирем. Яъне, мардуми Амрико бо дарки баланди мавқеи Президент дар рушди ҷомеа ва нақши он дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Таҷрибаи таҷлил намудани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ ба мушоҳида мерсад. Дар Қазоқистон Рӯзи Президентро барои хизматҳои шоиста, ҳифзи истиқлол ва таъмини озодиву субот таҷлил менамоянд. Парлумони Қазоқистон соли 2011 тарҳи қонун оид ба рӯзҳои идро қабул намуд, ки дар он таъкид гардидааст: “Дар Қазоқистон 1 декабр ҳама сола Рӯзи Президенти аввалин Ҷумҳурии Қазоқистон таҷлил карда шавад” Дар асоси ин қонун мардуми Қазоқистон 1 декабрро ҳамасола ҳамчун Рӯзи аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз сокинон бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, барафрохтани парчам бо тантанаҳои хос Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2016 Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Албатта, санаи 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президент ҷанбаҳои таърихии худро дорад. Тавре аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он ҷанг вазъи давлатро зери хатар қарор дод. Дар ҳамин раванди мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар мамлакат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки ин Иҷлосия дар таърихи миллат чун сана ва руйдоди сарнвиштсоз сабт гардидааст. Зеро, он сабаб ва омили барқарории ваҳдати миллӣ ва бақои давлати тозаистиқлол гардид. Инчунин дар шароити мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтаарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуд. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба хонандаи огоҳ ва дурандеш маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дорад. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид. Дар чунин раванди ҳассос барои миллати тоҷик роҳбар ва раҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун абармард, шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, давлат дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Маҳз ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фозои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон аст. Маҳз бо дарназадошти чунин заҳматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардидааст, ки мардуми Тоҷикистон ва парлумони кишвар 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн бигиранд. Зимнан таъкид намудан зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи кишварро ҷумҳурии президентӣ эълом доштааст. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки интихоби шакли идораи ҷумҳурии президентӣ боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ҳифз гардад, истиқлол таҳким ёбад ва давлат соҳиби рушди устувор гардад. Таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Бо таҷлил намудани ин рӯз мардум пеш аз ҳама нақши Президентро дар рушду инкишофи давлат дарк менамояд. Инчунин, нақши ниҳоди президентиро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллӣ дарк намоянд. Аз ҳамин лиҳоз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи одӣ нест, ин ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button