МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

6 КАБӮТАРРО АЗ ЧЕЛЯБИНСК БА ТОҶИКИСТОН “ДЕПОРТАТСИЯ” КАРДАНД

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Челябинск ва Кургани Русия хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 5 ноябр ҳангоми тафтиши бағочи дасти мусофирони хатсайри № 2812 Душанбе –Челябинск дар дасти як мусофир 6 кабӯтарро пайдо карда, монеи ба Русия даровардани онҳо шудаанд. «Шаҳрванди ҷумҳурим Тоҷиктстон мехост 6 сар кабӯтарро бидуни асноди лозим дар бораи вазъи санитарии маҳалли парвозаш ва саломатии ин паррандагон вориди Русия кунад. Ба Русия даровардани ин паррандагонро манъ карда, онҳоро бо нахустин парвоз ба Тоҷикистон пас фиристоданд”, — хабар додааст Росселхознадзор.Соҳиби ин кабӯтарҳоро бошад барои вайрон кардани қоидаҳои байторӣ ҳангоми ворид кардани паррандагон ба қаламрави Русия тибқи моддаи 10.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, ҷарима бастаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button