Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Волии Бадахшонро ниҳоят пайдо карданд: ӯ кист?

Ҳукумати “Толибон” Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ, маъруф ба Мавлавӣ Ғаниро ба ҳайси волии вилояти Бадахшони Афғонистон таъйин кард,  Курсии волии Бадахшон яке аз ҷанҷолитарин курсиҳои ҳукумати “Толибон” ба ҳисоб меравад. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон бо ирсоли ин хабар гуфт, Мавлавӣ Ғанӣ дирӯз, 7 ноябр, дар ҷамъи дигар аъзои мақомоти вилоятӣ эҳзор ва муаррифӣ шуд.“”Толибон”* дар ин мансаб қаблан Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахорро мехостанд таъйин кунанд, ки хеле ҳассосият ба миён овард. Таъйини Мавлавӣ Ғанӣ барои мардуми вилояти комилан ғайримунтазира буд”, — гуфт манбаъ.Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ ҳудуди 55 сол дошта, аз рустои Кафтархонаи вулусволии Дароими вилояти Бадахшон аст. Мактаби ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш фаро гирифта, соли 1986 ба хотири фарогирии улуми динӣ ба Покистон рафт.Вай дар мадориси мухталифи Покистон, аз ҷумла мадрасаи Кӯҳот, Дорулулуми Сироҷулисломи Коҳӣ, Дорулулуми Ҳанифаи Конҷуи Свот, мадрасаи Манбаъ ал-Улуми Мироншоҳ ва ғайра таҳсили динӣ карда, бо оғози фаъолиятҳои таҳрики “Толибон”* ба ин гуруҳ пайваст.

Дар замони зуҳури аввалини “Толибон” фармондеҳи фирқаи 4-и зиреҳдори Пуличархии Кобул буд ва пас аз суқути режим дар соли 2001 дигарбора ба майдони ҷанг рафт. Ҳафт сол узви комиссияи низомии “Иморати исломӣ” ва аз соли 2012 муовини волии номниҳоди “Толибон” барои Бадахшон буд.Вазифаи ҷанҷолӣ Волии қаблӣ ва аввалини “Толибон”* дар Бадахшон Мавлавӣ Амонуддин Мансур як моҳи қабл аз вазифа барканор ва муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин шуд.Аммо манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ӯ аз ин уфти хеш дар қудрат норозӣ шуда, ба Кобул ва Кандаҳор рафт, ки касе аз раҳбарони “Толибон”* ба додаш нарасид.“Ӯ як ҳафтаи қабл ба зодгоҳаш – вулусволии Вардуҷ баргашта, байрақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро боло кард. Ин байрақ се соат дар Вардуҷ парафшон буд. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди вазорати дифоъи “Толибон”* ба хотири ором кардани ӯ ба Бадахшон омаданд ва дар вулусволии Баҳорак як ҷаласаи чаҳорсоата доштанд. Он ҷо чӣ файсала шуд, маълум нест”, — гуфт манбаъ.Тибқи иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон даъвогарони курсии волии Бадахшон зиёд буданд. Яке аз онҳо Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, аз фармондеҳони матраҳи “Толибон”* буд, ки ахиран фармондеҳи ливо (бригада) – и ҳимояи вазорати дифоъи Афғонистон таъйин шуд.Даъвогари дигар Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари “Толибон”* дар Бадахшон буд, ки муовини вазири кишоварзӣ таъйин гардид. Дар ин миён “Толибон”* як паштун аз вулусволии Чаҳордараи вилояти Кундузро низ мехостанд дар ин курсӣ нишонанд, аммо толибони бадахшӣ эътироз карданд ва волии ноком ба вилояташ баргашт.Қабл аз Мавлавӣ Ғанӣ низ “Толибон”* хостанд ин курсиро дар ихтиёри Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахор, ки ӯзбектабор аст, гузоранд, аммо дигарбора дучори норизоиятии толибони бадахшӣ шуданд.

Далели аҳамияти курсии волии Бадахшон огаҳони ҳол дар ин мебинанд, ки ин вилоят дорои конҳои гуногуни маодини гаронбаҳо, назири тиллову лаъл ва лоҷувард аст ва ҳамагӣ таҳти назорати волӣ ҳастанд.Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин буда, аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва аз манотиқи аз лиҳози амниятӣ ҳассоси минтақа ба ҳисоб меравад.* — гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button