ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ДАР МӮЪМИНОБОД 9 НАФАР БАЪДИ ИСТЕЪМОЛИ САЛАТИ “ЗВЕРОБОЙ” ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр хабар дод, ки 9 сокини деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод ба иллати истеъмоли хӯриш, ё салати навъи “зверобой” заҳролуд шудаанд.Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 8 ноябр аз соати шаши субҳ то 10:53 паиҳам 9 сокини деҳаи Шулулуро бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Бемории ҳамаи онҳоро ҳамчун ботулизм (заҳролудшавӣ из истеъмоли маҳсулоти хӯроквории вайроншуда) ташхис гузоштаанд. Гуфта мешавад, сокини аз ҳамаи хурдсоли заҳролудшуда ҳамагӣ 6 сол дошта, аз ҳама калонсолаш занест, ки 64 сол дорад. Ҳамаи онҳо феълан дар бемористон қарор доранд. Вазъи саломатии онҳоро табибон муътадил арзёбӣ мекунанд.Дар ин авохир ин нахустин ҳодисаи заҳролудшавии сокинон бар асари истеъмоли салатҳои зимистона дар минтақаи Кӯлоб нест. Шаби 30 сентябр ба 1 октябр бар асари истеъмоли чунин як хӯриш дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Темурмалик 4 нафар: Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ҷон бохта, 14 нафари дигар дар бемористонҳо бистарӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button