Иқтисод

ҲУҶҶАТИ РОНАНДАГИРО 8200 СОМОНӢ ФУРӮХТАНӢ БУДАНД…

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи мудири мактаби ронандагии ҶДММ “Чархи Роғун”-и шаҳри Истаравшан Неъматулло Ибодуллозода ва шарики ӯ шаҳрванд Илҳомҷон Абдуллоев хабар дод. Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ибодуллозода Неъматулло дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ “Чархи Роғун”-и ш. Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович, барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз шаҳрванд “А” маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта боз оварда додани боқимонда маблағи 3200 сомониро талаб намудаанд.”Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ибодуллозода “бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3200 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button