ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Машуқаи директори мегафон дар шаҳри Душанберо қариб ба куштан расониданд.

Рӯзи 25 август А.Д., ҳамсари қонунии П.Д. ба рафтори шавҳараш шубҳа пайдо карда, тавассути телефонаш муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи М.Д. ном як ҷавонзани дигар аст. Ё худи А.Д. занг мезанаду ҷанҷол мебардорад, ё бо кадом роҳи дигар, П.Д. мефаҳмад, ки ҳамсараш бо нияти ҷанҷол ба пеши онҳо омада истодааст ва зуд ба қавле “думро хода мекунад” ва ишқи навашро танҳо мегузорад.Ин ҳам маълум нест, ки чӣ гуна, вале ба А.Д. муяссар мешавад, ки тақрибан соати 14 М.Д. –ро ба мошин савор карда, аз шаҳр берун барад – ё ба Варзоб, ё ба Тагоб. М.Д. –ро соати якуними шаб дар ҳолати кома ва бо сару рӯ ва бадани пур аз осори латтукӯб ба хонааш оварда, партофтаанд. Худи М.Д. инак беш аз ду моҳ боз касеро намешиносад, фақат дод мезанаду нола мекунад ва дар бораи ончӣ ки бо вай дар тӯли он қариб 12 соати “асорат” гузашт, чизе нақл карда наметавонад. Ташхисҳои тиббӣ нишон додаанд, ки ӯро дар тӯли соатҳои зиёд нафақат шадидан латтукӯб ва тамоми аъзои баданашро сиёҳу кабуд кардаанд. Ӯро дар “асорат” он қадар зиёд буғӣ кардаанд, ки мағзи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст а дар натиҷа, як қисмати мағзи сари М.Д. аз кор баромада, ин ҷавонзан умрбод маъюб шудааст. Табибон тарс доранд, ки М.Д., ҳатто агар зинда бимонад, дигар ҳеҷ гоҳ мисли пеш

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button