ТОҶИКИСТОН

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ПАРВАНДАИ ШИКАНҶАИ МАДИНАРО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ХУД ГИРИФТ (ВИДЕО)

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳдори Душанбе ҷараёни тафтиши парвандаи Мадина Мамадҷоноваро зери назорати бевоситаи худ гирифтааст.Дар ин бора Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ дар Фейсбук хабар дод.Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ муроҷиати сокини шаҳри Душанбе — Алимова Зулфия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “дар хусуси ба духтараш Мамадҷонова Мадина аз ҷониби шаҳрванд Давлатова Азиза 25 августи соли 2021 бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.”Наврӯз Қурбонзода навишт, қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи тафтиши ин қазия бар асоси қонуни афв кушодани парвандаи ҷиноятиро дар робита ба ин ҳодиса рад кардаанд, вале Рустами Эмомалӣ “бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button