ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Садамаи маргбор дар роҳи “Мастчоҳ-Хуҷанд”: ронандаву мусофир фавтиданд

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон се тан ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди садамаи маргбор дар ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров, хабар додаастБа иттилои манбаъ, садама рӯзи 24-уми октябр тахминан соати 11:00 дар пайи ноуҳдабароии ронанда сар задааст.Ронандаи «Опел-Зафира», Раҳимзода Абдусаттори 28 — cола, ки сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Мастчоҳ-Хуҷанд”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст.»Дар натиҷа, ронанда Раҳимзода А.Қ. ва мусофираш, Раҳмонова Муҳайё Низомиддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», — афзудааст манбаъ.Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», Шарифзода Фахриддини 19 — сола сокини деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 3-юми деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хӯрдсол Файзуллоева Ойшаи дусоларо пахш кардааст.Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш хӯрдсол, Файзуллоева О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button