КМИ Ӯзбекистон пирӯзии Мирзиёевро рад кард: натоиҷи расмӣ пас аз зуҳр эълон мешавад

Натоиҷи ибтидоии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон соати 16:00 ба вақти Тошканд эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи пирӯзии президенти феълии кишвар Шавкат Мирзиёев дар интихоботро рад кард.Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои қалбакӣ паҳн гардиданд, ки Мирзиёев тибқи натоиҷи муқаддамотӣ 90 дарсади ороро ба даст оварда, дубора ба даври дуюм интихоб шудааст.Дар ин бора бархе аз расонаҳо низ хабар доданд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии Euronews.»Иттилоот дар бораи маълум шудани натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон паҳн мешаванд, вале ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки ин омор аз ҳақиқат дур аст», — изҳор доштааст Ҷалолиддин Усмонов, сухангӯи КМИ.Вай ёдовар шуд, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро раиси КМИ Зайниддин Низомхоҷаев рӯзи душанбе соати 16.00 ба вақти Тошканд эълон хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти КМИ, дар замони баста шудани қитъаҳои интихоботӣ иштироки интихобкунандагон 80,8 дарсад, яъне ҳудуди 16 037 ҳазор нафар ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй гузоштанд.