Хабарҳои кӯтоҳ

Оҷонсии зидди фасод мансабдори Хадамотро барои қаллобӣ боздошт кард

Корманди хадамот бар ивази иҷозатномаи фаъолият маблағ талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.Ба иттилои котиботи Оҷонсӣ, С. Ф, сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти мазкур бо истифодаи мақоми хизматӣ муттаҳам мешавадГуфта мешавад, ӯ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23000 сомониро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далелҳои шайъӣ дарёфт карда гирифта шуданд», — афзудааст манбаъ.Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.Дар сурати тасдиқи иттиҳом, бар асоси ин модда ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button