МУҲОҶИРОН

БОЗДОШТИ АЪЗОИ “МАФИЯИ ТОҶИКӢ” ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Челябински Русия аъзои гуруҳи ҷиноиеро, ки аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, бо роҳи тарсондан тоҷирони хориҷиро дар бозорҳои ин минтақа “ҳақ” баста буд, дастгир кардаанд. Манбаи Znak.com дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа гуфтааст, “дар натиҷаи амалиёти фаврию тафтишотӣ аз аъзои фаъоли ин гуруҳи ҷиноӣ дар манзилҳояшон 4 пистолети травматикӣ, як силоҳи худсохти оташфишон, тирҳо, силоҳҳои сард ва ҳамчунин адабиёти ифротӣ ёфт ва мусодира шуд”. Гуфта мешавад, ки раҳбари “мафияи тоҷикии Челябинск” низ дастгир шудааст. Вале мақомот номи ӯ ва дигар аъзои ин гуруҳро нашр накардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, аъзои ин гуруҳ ба тоҷирони хориҷие, ки дар бозорҳои Челябинск тиҷорат доранд, ҳамла карда, онҳоро бо истифода аз силоҳ метарсонданд ва маҷбур мекарданд, ки ба онҳо “ҳақ” диҳанд. Аъзои ин гуруҳро ҳамчунин ба даст доштан дар ташкили чанд занозании гуруҳӣ дар бозорҳои минтақа гумонбар медонанд.Ҳанӯз маълум нест, ки аъзои ин банда ба кадом “тоҷирони хориҷӣ” ҳамла мекарданд? Вале қаблан аъзои гуруҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Тоҷикистон асосан ба ҳамла ва ҳақ бастани ҳамватанҳои худашон айбдор мешуданд ва ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бо изҳори таассуф мегуфтанд, ки “зӯри тоҷик дар Русия фақат ба тоҷики худаш мерасад…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button