СиёсатТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ЖАН-КЛОД ВАН ДАММ БО ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АКС ГИРИФТА, АСАДУЛЛО РАҲМОНРО ДӮСТИ ХУД НОМИДААСТ

Жан-Клод Ван Дамм, ситораи машҳури Ҳолливуд рӯзи 22 октябр, 4 рӯз баъди зодрӯзи 61-уми худ дар саҳифааш дар Фейсбук 6 акси навро аз силсилаи JCVD Friends (Дӯстони ЖКВД) бо навиштаҷоти “дӯстони нав аз саросари дунё” нашр кард. Дар байни онҳое, ки аксашон бо ситораи шуҳратёр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масоили кадрҳо низ ҳаст, ки ӯро ба далели нуфузи зиёдаш дар сиёсати кадрии ҳукумати кунунии ин кишвар ҳатто “вазири кадрҳои Тоҷикистон” ҳам ном мебаранд.Маълум нест, ки ин аксҳо кай, дар куҷо ва дар чӣ шароит сабт шудаанд. Танҳо яке аз корбарон навиштааст, ки Асадулло Раҳмон бо Ван Дамм дар Фаронса вохӯрдааст. Дар аввали даҳаи дуюми моҳи октября ҳайъати олии Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза аз Фаронса боздид карда буд.Акси муштараки Ван Дамм бо Асадулло Раҳмон беш аз 10 ҳазор лайк ҷамъ оварда, садҳо нафар онро бознашр кардаанд ва чандин корбари тоҷик дар зераш навиштаанд, аз дидани ҳамватани худ дар паҳлуи ин устураи Ҳолливуд ифтихор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button